ОБУНА ДАР САЙТ
Қурби асъор
20.04.2012
1 Доллари ИМА
4.7589
1 ЕВРО
6.2545
10 Рубли Россия
1.62

 Дӯстони гиромӣ,
 Меҳмонони сайт

Мехостам сароғоз нисбати таваҷҷуҳи Шумо ба сомонаи мо ва хоҳиши ҳамкориатон бо Тоҷикистон арзи сипос баён намоям.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият дар роҳи татбиқи сиёсати ислоҳоти фаъол ҷиҳати таъмини рушди босуботи иқтисодиёт тавассути ҳамгироӣ ба хоҷагидории иқтисодии ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ ва таъсирбахш меандешад.

Фазои сиёсӣ ва сармоягузории мамлакат, инчунин санадҳои меърии ҳуқуқии қабулгардида ҷиҳати ҳалли бисёр вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушд ва таҷдиди иқтисодиёт, ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд.

Иқтисодиёти рӯ ба тараққиниҳодаи Тоҷикистон бо бисёр паҳлӯҳо бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ пайваста буда, дар баробари давлатҳои дигари дунё муттаасири оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ гардидааст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дастгирии соҳаҳои бонкӣ ва истеҳсолӣ, суръатбахшӣ ба ҷараёни ислоҳоти сиёсати танзимкунонӣ, ки барои соддагардонӣ ва камхарҷгардонии тартиби амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ, дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамгироии бештар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ талош меварзад. Натиҷаи ин талошҳо буд, ки таи солҳои охир ислоҳотҳои иқтисодӣ амалӣ гардида, дастовардҳо ба монанди беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузориро ба бор омаданд. Ҳамзамон, ҷараёни ислоҳоти институтсионалӣ бо маром идома дошта, инфрасохтори воқеии иқтисодиёти бозоргонӣ ташаккул меёбад. Инчунин, дар ин раванд татбиқи ислоҳоти мақомотҳои идоракунии давлатӣ мавриди амал қарор гирифтааст.

Шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз даҳ кишвари ислоҳотгар дар ҳисоботи солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» (Doing Business) нишонаи муҳимми он аст, ки мамлакати мо ба ҳамаи мушкилотҳо ва таъсири бӯҳрони молиявӣ-иқтисодӣ нигоҳ накарда дар роҳи пешгирифтаи худ баҳри рушди босубот тавассути гузаронидани ислоҳотҳо, ташкили инфрасохтори боэътимод ва пурзӯр намудани амнияти энергетикии худ пойдор аст.

Бояд қайд намуд, ки ин ҳама пешрафтҳо бо дарназардошти дастгирӣ ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти густурдаи сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва иштироки фаъоли ташкилотҳои байналмиллалӣ ва бахши хусусӣ ба даст омадааст.

Шумо метавонед ҳамаи маълумоти лозимаро оид ба қонунгузории мавҷудаи Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, идоракунӣ ва хусусигардонии амволи давлатӣ, инчунин имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сармоягузорон ва соҳибкорон, тартиби иштирок дар ҷараёни хусусигардонии амволи давлатӣ ва дигар маводҳои зарурӣ вобаста ба фаъолияти тиҷоратӣ аз сомонаи мазкур дастрас намоед.

Мо мутмаинем, ки он маводу маълумотҳое, ки Шумо аз сомонаи мо ба даст меоред барои онҳое, ки ҷиҳати ташкил ва рушд додани фаъолияти соҳибкории худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманданд, аз манфиат холӣ нест.

Аз фурсат истифода бурда, ман Шуморо ба сармоягузории фаъол ва азхудкунии бозорҳои нав даъват намуда, бо изҳори боварӣ баён менамоям, ки Шумо дар симои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди дарозмӯҳлатро дарёфт хоҳед намуд.

Давлаталӣ Саидов
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон





Хабару рӯйдодҳо
15 Май 2012
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ - Д.Саидов бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Анри Зиппер де Фабиани, мушовири иктисодии Сафорати Фаронса дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаноби Филип Бодри ва корманди шӯъбаи иқтисодиёти минтақавии Сафорати номбурда ҷаноби Агат Демаре вохӯри доир намуд.
15 Май 2012
Имрӯз дар бо иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Нусратулло ва роҳбарону шикартҳои ватаниву намояндагони доираи бахши хусусӣ нишаст вобаста ба муҳокимаи лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав баргузор гардид.
11 Май 2012
Имрӯз Раиси Кумита Давлатали Саидов бо намояндагони ширкати ҶДММ “Зарафшон Майнинг” вохӯрӣ доир намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ширкатоид ба рушди фаъолият дар соҳаи истехроҷизахираҳои канданиҳои фоиданоки мамлакат ибрози назар намуда, вобаста ба шарту усулҳои ҷараёни мазкур маълумот дархост карданд.
19 Апрель 2012
Имрӯз Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов бо ҳайати расмии Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD), ки аъзои гурӯҳи Бонки исломии рушд мебошад, вохӯри баргузор намуд.
17 Апрель 2012
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо намояндагони Ширкати ҷопонии Sumitomo Corporation, ки яке аз бузургтарин ва кӯҳантарин ширкатҳои тиҷоратию сармоягузории дунё ба ҳисоб меравад, вохӯрӣ доир намуд.
17 Апрель 2012
Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти семоҳаи аввали соли 2012 доир гардид.
10 Апрель 2012
10.04.2012 Имрӯз таҳти роҳбарии Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои Машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
9 Апрель 2012
Санаи 10 апрели соли ҷорӣ баргузории ҷаласаи 9-ми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.
ҲАМАИ ХАБАРҲО